TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21336 432
Ба атрҳои дигаронро ҷалб мекарда эътимод накунед

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд аз сокинон даъват кардааст, ки ба таблиғи атрҳои ба истилоҳ «феромонӣ» бо эҳтиёт муносибат кунанд.

Ба иттилои марказ, имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин атрҳо ҳамчун воситаи «ҷалбкунандаи диққат» ва ҳатто маҳсулоте муаррифӣ мешаванд, ки гӯё метавонад майли шахси дигарро зиёд кунад, аммо то имрӯз далели қавии илмӣ вуҷуд надорад, ки атрҳои тиҷоратии феромонӣ инсонро ба таври кафолатнок ҷалб карда метавонанд.

Дар баробари ин, бӯи хуш метавонад ба таассуроти одамон ва эътимод ба худ таъсир расонад, вале ин маънои доштани «қувваи махфии ҷалб»-ро надорад. Мутахассисон ҳамчунин ҳушдор медиҳанд, ки баъзе таркибҳои атр метавонанд боиси хоришу сурхшавии пӯст, аллергия, дарди сар, дилбеҳузурӣ, сулфа ё душвории нафаскашӣ шаванд.

Аз ин рӯ, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки пеш аз харид таркиб, истеҳсолкунанда ва муҳлати истифодаи маҳсулотро санҷида, саломатии худро аз ваъдаҳои рекламавӣ болотар гузоранд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 8, 2026Нигаронии сокинони шаҳри Душанбе аз зиёд шудани дуди ғализ, бад шудани сифати ҳаво, ҷамъша…
  2. Oct 8, 2026Нуриддин Қаршибоев дар бораи мушкилоти хабарнигорони тоҷик изҳори назар кард Ҷузъиёти наза…
  3. Oct 8, 2026Дар Душанбе чароғакҳои роҳнамо бо зеҳни сунъӣ насб шуданд Низоми нав дар ду чорроҳа — Рӯда…
  4. Oct 8, 2026Чароғакҳои вайрони роҳнамоӣ дар ҷоддаҳои Душанбе боиси ҷаримабандии ронандагон шудааст Кор…
  5. Oct 8, 2026Таҳкими амнияти минтақавӣ ба воситаи омӯзиши махсус 18 мутахассис аз Қазоқистон, Қирғизист…
  6. Oct 8, 2026Дар вилояти Суғд даври сеюми он оғоз ёфт Китоб дӯсту роҳнамои инсон дар роҳи дониш аст. Чӣ…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →