TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21279 410
Озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин барномасоз" баргузор мегардад

Бо мақсади дарёфт ва дастгирии донишҷӯёни соҳибистеъдод, рушди малакаҳои касбӣ, баланд бардоштани шавқу рағбат ба технологияҳои муосир 23-уми октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» доир мегардад.

Озмуни мазкур миёни МТОК дар доираи ташаббуси «Солҳои 2025-2030 - солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» баргузор гардида, ба баланд бардоштани сатҳи саводи рақамӣ, ташаккули тафаккури инноватсионӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзишу истифодаи технологияҳои муосир равона шудааст.

Озмуни «Беҳтарин барномасоз» аз рӯйи се номинатсия:

1. Барномасозӣ;
2. Лоиҳаи инноватсионӣ;
3. Зеҳни сунъӣ гузаронида мешавад.


Аз донишҷӯёни соҳибистеъдод, эҷодкор ва ҳавасманд, ки ба технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, инноватсия ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ доранд, даъват ба амал оварда мешавад, ки дар озмун фаъолона иштирок намуда, маҳорати худро нишон диҳанд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 8, 2026Дар деҳоти Кадучии ноҳияи Восеъ маркази нави саломатӣ фаъол шуд Дар маросими ба истифода д…
  2. Oct 8, 2026Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон бар…
  3. Oct 8, 2026Гузориши аз раванди санҷиши омодабошии ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе ва машқҳои дуҷонибаи…
  4. Oct 8, 2026Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ…
  5. Oct 8, 2026Ба атрҳои дигаронро ҷалб мекарда эътимод накунед Маркази назорати давлатии санитарию эпиде…
  6. Oct 8, 2026Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон рафт 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷ…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →