Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
7 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар минтақаи миллии сайёҳии «Аваза»-и Туркманистон иштирок кард.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон масъалаҳои марбут ба тақвияти равобити сиёсӣ ва рушду таҳкими ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту рушди инфрасохтор, технология ва коммуникатсия, инчунин равобити фарҳангию гуманитариро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин оид ба рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ табодули афкори судманд доир гардид. Вазирони корҳои хориҷӣ лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ниҳоии ҳуҷҷатҳои Вохӯрии навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро мувофиқа намуданд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21339
413
