Боздошти Абубакр Юсупов барои кордзанӣ дар Душанбе
Юсуфов Абубакр, сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ дастгир карда шуд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда санаи 7-уми октябри соли ҷорӣ, дар назди нуқтаи тезтайёри «Нонкабоб», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, бо шаҳрванд Собиров Абдуҷабор, соли таваллудаш 1989, муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст. Ҳамзамон, бо истифода аз корд як маротиба ба шиками Собиров А. зарба зада, ба номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Вобаста ба ҳодисаи мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21417
157
