TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21419 397
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти сайёҳӣ вусъат меёбад

8-уми октябр дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини раиси Кумита Зиёдулло Салимзода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ (World Bank) баргузор гардид.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ, таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ва имкониятҳои татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳии устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

"Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки густариши ҳамкориҳои судманд ва истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ метавонад ба рушди иқтидори сайёҳии кишвар, афзоиши саҳми соҳа дар иқтисоди миллӣ ва муаррифии имкониятҳои васеи сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд", - зикр мегардад дар иттилоия. 

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 10, 2026Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалӣ шуд Дар шаҳри Остонаи Қ…
  2. Oct 9, 2026Назар ба хабари пешниҳоди президенти Тоҷикистон доир ба таъсиси корхонаи бузурги полоиши н…
  3. Oct 9, 2026Дар роҳи автомобилгарди Душанбе–Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, хатҳои уфуқии роҳ дар масоф…
  4. Oct 9, 2026Садамае дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ дар дурбини сабткунандаи ронандае ба навор гириф…
  5. Oct 9, 2026Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор мегардад 📱 Обу…
  6. Oct 9, 2026🇮🇹Ҳодисаи нодири ду аҷинашамоли ҳамзамон ба Ситсилия сарозер шуд: 11 нафар осеб бардошта…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →