Имрӯз-Рӯзи ҷаҳонии почта. “Почтаи Тоҷикистон” то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Тибқи сарчашмаҳои иттилоотӣ, дар Тоҷикистон якумин нуқтаи хизматрасонии почта соли 1865 дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфта, соли 1866 шоҳроҳи почтавии Хуҷанд–Тошканд ба фаъолият оғоз намуда, баъдан то Самарқанд идома ёфтааст. Соли 1924 дар Душанбе нахустин шуъбаи алоқаи статсионарӣ фаъол шуда, дар ҳамон сол 30 ҳазор мактуб қабул ва ирсол гардидааст.
Баъдан 25 сентябри соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳо ва муассисаҳои низоми Хадамоти алоқаи Тоҷикистон» Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик», «Алоқаи махсус» ва «Маркази марка» муттаҳид карда шуда, Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» таъсис дода шуд.
Мудири кулли «Почтаи Тоҷикистон» Дилшод Музаффарзода мегӯяд, ки таҷдиди сохтори корхона барои муттаҳид намудани имконоти соҳа ва ташаккули муносибати ягона ба хизматрасониҳои почтавӣ, алоқаи махсус ва филателия заминаи нав фароҳам овард.
Ба иттилои ӯ, даромади корхона танҳо дар 9 моҳи соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 152,2% афзоиш ёфтааст. Дар ин муддат муросилоти содиротӣ 103%, муросилоти воридотӣ 136,5% ва муросилоти почтаи фаврии содиротию воридотӣ 103% ташкил додаанд.
«Шабакаи васеи почта ба мо имкон медиҳад, ки хизматрасониҳоро на танҳо дар шаҳрҳо, балки дар минтақаҳои дурдаст ва деҳот низ дастрас намоем. Мо ният дорем ин имкониятро бо амалӣ намудани хизматрасониҳои рақамӣ ва логистикӣ боз ҳам самаранок истифода барем», – иброз дошт Дилшод Музаффарзода.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21420
398
