Дар деҳоти Кадучии ноҳияи Восеъ маркази нави саломатӣ фаъол шуд
Дар маросими ба истифода додани иншооти нави соҳаи тандурустӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин ва дигар масъулини мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Маркази нави саломатӣ бо ташаббус ва саҳми бевоситаи соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, ҳамчун намунаи саҳми соҳибкорон дар рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони деҳот арзёбӣ мегардад.
Муассисаи нави тиббӣ аз 8 ҳуҷраи махсусгардонидашуда иборат буда, барои қабули беморон ва расонидани хизматрасониҳои гуногуни тиббӣ шароити зарурӣ фароҳам овардааст. Дар марказ ҳуҷраҳои директор, доругузаронӣ, ҳамшираҳои тиббӣ, эмгузаронӣ, духтури асаб, ташхиси фаъолияти кори дил — ЭКГ, табибон, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва духтури дандон ҷойгир шудаанд.
Мавриди истифода қарор гирифтани маркази нави саломатӣ барои сокинони деҳоти Кадучӣ дастрасии бештар ба хизматрасониҳои тиббиро таъмин намуда, имконият медиҳад, ки шаҳрвандон дар маҳалли зисти худ аз муоина ва ёрии аввалияи тиббӣ бархӯрдор гарданд. Ҳамзамон, муҳайё гардидани шароити муносиб барои фаъолияти табибон ва кормандони тиб ба баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат хоҳад кард.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21340
364