15-уми октябри соли 2026, Варзоб. – Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ бо иштироки намояндагони соҳаи энергетикаи кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Россия баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи ҷаласа муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Маҳмадзода суханронӣ намуда, меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аҳамияти ҳамкориҳои минтақавиро дар таъмини амнияти энергетикӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаю ҳамсоягии нек таъкид кард.
Муовини вазир иброз дошт, ки имрӯз кишварҳои минтақа дар назди худ вазифаҳои муҳим, аз ҷумла таҷдиду навсозии инфрасохтори энергетикӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таъмини фаъолияти боэътимоди низомҳои энергетикиро гузоштаанд, ки ҳалли онҳо тақвияти ҳамкориҳои муштаракро тақозо менамояд.
Дар идома доир ба рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон маълумот пешниҳод гардид.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила, шаффофият ва ба инобат гирифтани манфиатҳои миллии ҳар як давлат мебошад», – таъкид намуд Шариф Маҳмадзода.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ дар мувофиқа намудани қарорҳои муштарак, таъмини фаъолияти боэътимоди низоми муттаҳидаи энергетикӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳои иштирокчӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд нақши муҳим мебозад.
Муфассал
Подробнее
✅@mewrtj