TGViewer
Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 @mewrtj · 490 subscribers
Post #4350 99
15-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Далер Ҷумъа бо роҳбари самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Осиёи Ҷанубӣ, хизматрасониҳои машваратӣ оид ба муомилотии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) Моаззам Мекан, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ба кишвар ташриф овардааст, мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об, ҷалби сармояи хусусӣ ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ва истифодаи механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамсуҳбатон, ҳамчунин масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки бахши хусусӣ дар рушди соҳаҳои энергетика ва захираҳои об, таҳияи лоиҳаҳои аз ҷиҳати иқтисодию молиявӣ ҷолиб барои бахши хусусӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ва истифодаи хизматрасониҳои машваратии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар самти омодасозӣ лоиҳаҳои инфрасохториро матраҳ намуданд.

Муфассал
Подробнее

✅@mewrtj
  • 🤝 1
More from @mewrtj
  1. Oct 15, 2026ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАЛАСАИ 46-УМИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДОИР ШУ…
  2. Oct 14, 2026ШИРКАТҲОИ ЭНЕРГЕТИКИИ «ТГЭМ» ВА «ПОМИР ЭНЕРҶӢ» СОҲИБИ ҶОИЗАҲОИ ОЗМУНИ «СОҲИБКОРИ СОЛ – 202…
  3. Oct 14, 202614-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷ…
  4. Oct 14, 202614-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Т…
  5. Oct 14, 2026ИМЗОИ ДУ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМИ «ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!» 14-уми октябри соли 2026,…
  6. Oct 14, 202614-уми октябр дар бинои Кохи Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →