ШИРКАТҲОИ ЭНЕРГЕТИКИИ «ТГЭМ» ВА «ПОМИР ЭНЕРҶӢ» СОҲИБИ ҶОИЗАҲОИ ОЗМУНИ «СОҲИБКОРИ СОЛ – 2026» ШУДАНД
14-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Дар ҳошияи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маросими ҷоизасупории озмуни «Соҳибкори сол – 2026» баргузор гардида, дар қатори дигар субъектҳои соҳибкорӣ ширкатҳои фаъоли соҳаи энергетикаи кишвар низ барои дастовардҳо ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳа қадрдонӣ шуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои озмун дар бахши энергетика Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» сазовори мақоми аввал гардида, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» зинаи дуюмро ишғол кард.
Ҷоизаҳои ғолибони бахши энергетикаро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар фазои тантанавӣ ба намояндагони ширкатҳои мазкур тақдим намуд.
✅@mewrtj
Post #4348
144


- 👏 2
- ❤ 1
- 👍 1