TGViewer
Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 @mewrtj · 490 subscribers
Post #4344 136
ИМЗОИ ДУ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМИ «ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!»

14-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Дар ҳошияи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ба имзо расид.

Ёддошти нахуст байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми Пешбар – ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» оид ба ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаи тақсимоти неруи барқ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба имзо расид. Санадро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва директори оид ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» Бежан Азонов имзо намуданд.

Ёддошти дуюм байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Xinjiang Shouhai Power Development Co., Ltd.»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид. Санади мазкур ба рушди ҳамкориҳо дар самти омӯзиш ва бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Оби Хингови Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст. Онро аз ҷониби Тоҷикистон вазир Далер Ҷумъа ва аз ҷониби ширкат роҳбари он Чен Чжэнцзян имзо карданд.

Имзои ин санадҳо барои густариши ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва шарикони хориҷӣ дар самтҳои рушди инфрасохтори тақсимоти неруи барқ ва истифодаи захираҳои гидроэнергетикии кишвар замина фароҳам меорад.


Муфассал
Подробнее

✅@mewrtj
  • ❤ 1
  • 👍 1
More from @mewrtj
  1. Oct 14, 2026ШИРКАТҲОИ ЭНЕРГЕТИКИИ «ТГЭМ» ВА «ПОМИР ЭНЕРҶӢ» СОҲИБИ ҶОИЗАҲОИ ОЗМУНИ «СОҲИБКОРИ СОЛ – 202…
  2. Oct 14, 202614-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷ…
  3. Oct 14, 202614-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Т…
  4. Oct 14, 202614-уми октябр дар бинои Кохи Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам…
  5. Oct 13, 2026Имрӯз таҳти раёсати вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ҷаласаи васеи Ҳайати муш…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →