Тибқи рӯзнома, дар ҷаласа ду масъала – ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорат ва корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика, захираҳои об ва нафту газ дар семоҳаи сеюми соли 2026 ва вазифаҳо то охири сол, инчунин рафти иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ аз 28 марти соли 2026, №178 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» баррасӣ гардид.
Аз рӯйи масъалаҳои мазкур гузориши муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шариф Маҳмадзода шунида шуд.
Дар идома ахбороти роҳбари корхонаю муассисаҳои соҳа ироа гардида, фаъолияти онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сипас, вазифаҳои афзалиятнок барои то охири соли соли 2026 муайян карда шуданд.
Аз натиҷаи ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимагашта қабул гардиданд.
Муфассал
Подробнее
✅@mewrtj









