Дар кори ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Бобозода, директори генералии ҷамъият Мирзо Маҳмудзода, намояндагони мақомоти соҳавӣ, роҳбарони филиалҳо ва кормандони масъули ҷамъият ширкат доштанд.
Тибқи рӯзнома, муовини директори генералӣ ва дигар шахсони масъул оид ба нишондиҳандаҳои ҷамъият ҳисобот доданд.
Зимни баррасии масъалаҳо вазир ба омодагии зеристгоҳҳо ва шабакаҳои интиқоли барқ ба давраи тирамоҳу зимистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати коҳиш додани сарбории зеристгоҳҳои барқӣ, таъмини фаъолияти устувору боэътимоди таҷҳизот, паст намудани сатҳи талафот, кам кардани қатъшавиҳои технологӣ, вокуниши саривақтӣ ба садамаҳо ва фавран бартараф намудани оқибатҳои онҳо дастурҳои мушаххас дод.
Муфассал
Подробнее
✅@mewrtj









