Post #4159
47

22-юми сентябри соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим баргузор гардид.
Ҷаласаро Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, ифтитоҳ намуда, доир ба нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти қонун дар танзими ҷашну маросим ва нақши он дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа суханронӣ кард.
Сипас, Бурҳониддин Абдулазиззода муҳтавои қонун ва талаботи асосии онро шарҳу тавзеҳ дода, ба тартиби баргузории ҷашну маросимҳо, риояи меъёрҳои муқарраргардида ва ҷавобгарӣ барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд.
Зимни ҷаласа вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
✅@mewrtj

- ❤ 1