TGViewer
Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 @mewrtj · 476 subscribers
Post #4159 96
‎22-юми сентябри соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим баргузор гардид.

‎Ҷаласаро Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти қонун дар танзими ҷашну маросим ва нақши он дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа суханронӣ кард.

‎Сипас, Бурҳониддин Абдулазиззода муҳтавои қонун ва талаботи асосии онро шарҳу тавзеҳ дода, ба тартиби баргузории ҷашну маросимҳо, риояи меъёрҳои муқарраргардида ва ҷавобгарӣ барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд.

‎Зимни ҷаласа вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

@mewrtj
  • ❤ 2
More from @mewrtj
  1. Sep 21, 2026Гузориш аз маросими баистифодадиҳии неругоҳи барқи офтобии «Ашт» 21-уми сентябри соли 2026…
  2. Sep 21, 202621 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳра…
  3. Sep 18, 202618-уми сентябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикист…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →