TGViewer
Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 @mewrtj · 476 subscribers
Post #4148 109

Forwarded from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon

21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шайдон неругоҳи офтобиро бо иқтидори 250 мегаватт мавриди истифода қарор доданд.
Сохтмони неругоҳи фотоэлектрикии Ашт бо иқтидори 250 МВт моҳи ноябри соли 2025 аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Аён энерҷӣ оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ пурра сохта ба истифода дода шуд. Неругоҳи мазкур дар масоҳати 793 гектар бунёд гардида, иқтидори пурраи он 250 мегаваттро ташкил медиҳад.
Бунёди чунин иншооти бузурги энергетикӣ дар ноҳияи Ашт аз иқдомҳои муҳимми марбут ба рушди соҳаи энергетика ва истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба ҳисоб меравад. Дар шароити муосир истифодаи имкониятҳои табиӣ, аз ҷумла неруи офтоб, яке аз самтҳои муҳими рушди энергетика ба шумор меравад. Тоҷикистон дорои имкониятҳои фаровони истифодаи энергияи офтобӣ буда, татбиқи лоиҳаҳои нави энергетикӣ барои афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таҳкими заминаи энергетикии кишвар мусоидат менамояд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #Sughd

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
  • ❤ 1
  • 🔥 1
More from @mewrtj
  1. Sep 22, 2026‎22-юми сентябри соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ҷаласаи…
  2. Sep 21, 2026Гузориш аз маросими баистифодадиҳии неругоҳи барқи офтобии «Ашт» 21-уми сентябри соли 2026…
  3. Sep 18, 202618-уми сентябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикист…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →