TGViewer
Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 @mewrtj · 490 subscribers
Post #4345 134
14-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Маҳмадзода аз ширкати «ИМОД» боздид намуда, бо фаъолияти истеҳсолии он шинос шуд.

Ширкати «ИМОД» яке аз ширкатҳои пешсафи кишвар дар самти истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ ба ҳисоб рафта, дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти соҳавӣ саҳм мегузорад.

Муовини вазир ҷиҳати риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҳангоми истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, таъмини сифат ва бехатарии маҳсулот, инчунин баланд бардоштани рақобатпазирии он тавсияҳо дод.

Таъкид шуд, ки рушди истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар дохили кишвар барои қонеъ гардонидани талаботи соҳаи энергетика, коҳиш додани вобастагӣ аз воридот ва тақвияти иқтидори саноатии ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим дорад.

Муфассал
Подробнее

✅@mewrtj
  • 👍 1
More from @mewrtj
  1. Oct 15, 2026ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАЛАСАИ 46-УМИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДОИР ШУ…
  2. Oct 15, 202615-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Далер Ҷумъа бо…
  3. Oct 14, 2026ШИРКАТҲОИ ЭНЕРГЕТИКИИ «ТГЭМ» ВА «ПОМИР ЭНЕРҶӢ» СОҲИБИ ҶОИЗАҲОИ ОЗМУНИ «СОҲИБКОРИ СОЛ – 202…
  4. Oct 14, 202614-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷ…
  5. Oct 14, 2026ИМЗОИ ДУ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМИ «ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!» 14-уми октябри соли 2026,…
  6. Oct 14, 202614-уми октябр дар бинои Кохи Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →