TGViewer
Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 @mewrtj · 489 subscribers
Post #4318 139
​БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ҶСК «ШАБАКАҲОИ ТАҚСИМОТИ БАРҚ» ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2026

13-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолию молиявии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар семоҳаи сеюми соли 2026 иштирок намуд.


Дар ҷаласа роҳбарияти ҷамъият, роҳбарони филиалҳо ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.
Тибқи рӯзнома, нахуст маълумот оид ба рафти иҷрои супоришҳои протоколии ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нимсола шунида шуд.

Сипас, шахсони масъул доир ба натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолию молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ гузориш доданд.
Зимни муҳокима натиҷаҳои молиявии ҷамъият мусбат арзёбӣ гардида, фаъолияти филиалҳо, нишондиҳандаҳои бадастомада ва камбудиҳои ҷойдошта мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтанд.

Вазир зарурати тақвияти фаъолияти филиалҳо ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ барои ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаро таъкид намуда, ба масъулон ҷиҳати кам намудани талафоти неруи барқ, таъмини ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда, бартараф намудани ҳолатҳои изофанависӣ ва ба роҳ мондани бақайдгирии пурраи муштариён дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон, ба баланд бардоштани масъулиятшиносии кормандон, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва риояи талаботи бехатарӣ бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Вазир таъкид намуд, ки омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 ва таъмини фаъолияти устувору боэътимоди шабакаҳои тақсимоти барқ бояд аз вазифаҳои афзалиятноки роҳбарияти ҷамъият ва филиалҳои он бошад.

✅@mewrtj
  • 👍 2
More from @mewrtj
  1. Oct 13, 202613-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Дар ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо иштироки вазири…
  2. Oct 12, 2026☀️ ТАРҲҲОИ НАМУНАВӢ БАРОИ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ДАР ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТӢ Вазорати энергетика…
  3. Oct 10, 2026​ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ БОЗ ЯК ЗЕРИСТГОҲИ 110 кВ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД ‎10-уми…
  4. Oct 10, 2026БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИР АЗ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОФТОБИИ ШӮРОБ ‎ ‎10-уми октябри соли 2026,…
  5. Oct 9, 20269-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Бо мақсади таъмини фаъолияти боэътимоди Маркази барқу…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →