10-уми октябри соли 2026, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Маҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз раванди корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Ёва» ва фаъолияти зеристгоҳи навбунёди «Қасри Арбоб» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал овард.
Дар зеристгоҳи барқии «Ёва» муовини вазир бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, омодагии таҷҳизоти барқӣ ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншоот шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи мазкур дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Таъкид гардид, ки бунёди зеристгоҳи нави барқии «Ёва» дар таҳкими инфрасохтори энергетикии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ нақши муҳим хоҳад дошт.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти энергетикӣ сарбории зеристгоҳҳои амалкунанда коҳиш ёфта, имкониятҳои техникии шабакаҳои барқӣ васеъ мегарданд. Ҳамзамон, барои беҳтар намудани сифату устувории таъминоти неруи барқи аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти иҷтимоию иқтисодии минтақа, инчунин коҳиш додани талафот шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Муовини вазир зимни шиносоӣ ба масъалаҳои таъмини сифати корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи техникӣ ва меъёрҳои бехатарӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои боқимонда ба масъулон тавсияҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, Шариф Маҳмадзода аз фаъолияти зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ-и «Қасри Арбоб», ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд гардида, бо трансформатори қудратии 16 000 кВА муҷаҳҳаз мебошад, дидан намуд.
✅@mewrtj