БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИР АЗ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОФТОБИИ ШӮРОБ
10-уми октябри соли 2026, Исфара. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Маҳмадзода аз фаъолияти неругоҳи навбунёди барқи офтобии шаҳраки Шӯроб бо иқтидори 3 МВт ва низоми захиракунии энергия бо ғунҷоиши 0,5 МВт·соат, дидан намуд.
Неругоҳи мазкур 27-уми сентябри соли 2026 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки неругоҳ аз оғози фаъолият то имрӯз беш аз 1 миллион кВт·соат неруи барқ истеҳсол намудааст.
Ба истифода додани неругоҳи мазкур барои беҳтар гардидани таъминоти неруи барқи шаҳраки саноатии Шӯроб, баланд бардоштани эътимоднокии барқрасонӣ ба аҳолӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии минтақа мусоидат менамояд.
✅@mewrtj
Post #4310
155




- 👍 1