9-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Бо мақсади таъмини фаъолияти боэътимоди Маркази барқу гармидиҳии 1-и шаҳри Душанбе дар фасли зимистон ва таъмини сокинон ва муассисаҳои пойтахт бо неруи барқ ва гармӣ дар ин давра, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Маҳмадзода аз фаъолияти марказ дидан намуд.
Дар ҷараёни боздид муовини вазир бо фаъолияти марказ шинос шуда, масъалаҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ва таъмини кори устувори иншоотро баррасӣ кард.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон як турбинаи марказ фаъолият доранд.
Иқтидори лоиҳавии иншоот дар самти истеҳсоли неруи барқ 198 МВт ва энергияи гармӣ 350 Гкал-ро ташкил медиҳад.
Муовини вазир зарурати таваҷҷуҳи доимиро ба ҳолати техникии таҷҳизот ва омодагии он ба кори устувор дар фасли зимистон таъкид кард.
Ҳамзамон, Шариф Маҳмадзода ба роҳбарияти марказ ҷиҳати таъмини фаъолияти устувори Маркази барқу гармидиҳии 1 ва дегхонаҳои «Ғарбӣ» ва «Шарқӣ» дар фасли зимистон дастурҳои мушаххас дод.
✅@mewrtj
Post #4304
75






- 👍 1