TGViewer
Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 @mewrtj · 486 subscribers
Post #4288 132
ТАЪМИНИ ПОЙТАХТ БО БАРҚ ВА ГАРМӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

8-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Маҳмадзода бо фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе (иқтидори истеҳсоли 400 МВт неруи барқ ва 235 Гкал энергияи гармӣ) шинос шуд.


Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки айни замон ду турбинаи марказ фаъолият дорад.

Муовини вазир таъкид намуд, ки омодагии саривақтӣ ба зимистон ва фаъолияти боэътимоди таҷҳизоти марказ барои таъмини эҳтиёҷоти сокинон ва муассисаҳои пойтахт аҳамияти муҳим доранд.

Бо фарорасии рӯзҳои сард талабот ба неруи барқ ва гармӣ меафзояд ва ин аз масъулон тақозо менамояд, ки масъалаҳои омодагии марказро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.

Дар робита ба ин, Шариф Маҳмадзода ба роҳбарияти марказ ҷиҳати таъмини фаъолияти устувор дар фасли зимистон ва таъмини шаҳри Душанбе бо неруи барқ ва гармӣ дастурҳои мушаххас дод.

✅@mewrtj
  • 👍 2
  • ⚡ 1
More from @mewrtj
  1. Oct 9, 20269-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Бо мақсади таъмини фаъолияти боэътимоди Маркази барқу…
  2. Oct 9, 2026Аз 7-ум то 9-уми октябри соли 2026 дар шаҳри Бишкек ҷаласаи гурӯҳҳои кории муштараки Лоиҳа…
  3. Oct 9, 2026ФОРУМИ IV МИНТАҚАВИИ ҶАВОНОНИ ҲАВЗАИ ДАРЁИ СИР – 2026 Ҳафтаи якуми моҳи октябри соли 2026…
  4. Oct 8, 2026🇹🇯🇰🇿🇹🇲🇺🇿 7-уми октябр шаҳри Туркманбошии Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи бай…
  5. Oct 8, 20268-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →