ФОРУМИ IV МИНТАҚАВИИ ҶАВОНОНИ ҲАВЗАИ ДАРЁИ СИР – 2026
Ҳафтаи якуми моҳи октябри соли 2026 дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 баргузор гардид, ки дар кори он 170 нафар, аз ҷумла намояндагони ҳаракати ҷавонони «Нозирони сабз» аз кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, омӯзгорон, коршиносон, намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва дигар ташкилотҳои манфиатдор иштирок доштанд.
Дар рафти чорабинии мазкур иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва рушди устуворро баррасӣ намуда, таваҷҷуҳи махсус ба нақши ҷавонон ва иштироки амалии онҳо дар ҳалли масъалаҳои экологӣ зоҳир гардид.
Аҳамияти чорабинӣ дар муттаҳид сохтани ҷавонон барои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди устувор ва беҳтарсозии вазъи экологӣ дар ҳавзаи дарёи Сир ифода меёбад.
✅@mewrtj
Post #4297
86




- 👍 2