🇹🇯🇰🇿🇹🇲🇺🇿 7-уми октябр шаҳри Туркманбошии Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардори Сарраёсати сиёсати энергетика ва захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Абдуразоқзода, вазири захираҳои об ва обёрии Қазоқистон Нуржан Нуржигитов, раиси Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон Дурдӣ Генҷиев ва вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамраев иштирок намуданд.
Тибқи рӯзнома, дар ҷаласа натиҷаҳои обгирӣ, реҷаи кории силсилаобанборҳо дар давраи нашъунамои соли 2026 дар ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Аму, масъалаҳои тасдиқи ҳаҷмҳои иҷозатдодашудаи обгирии кишварҳо ва реҷаи пешбинишудаи кори силсилаи обанборҳо барои давраи байни мавсимҳои нашъунамои солҳои 2026-2027, иҷрои пешниҳодҳо ва ташаббусҳои Саварони давлатҳои таъсисдиҳандаи ФБНА баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон ба масъалаҳои такмили баҳисобгирӣ ва мониторинги захираҳои об таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
Муфассал
Подробнее
✅@mewrtj
Post #4292
119


- 🤝 2
- 👍 1