5-уми октябр муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Маҳмадзода аз зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ-и «Чубек» дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан намуд.
Иншооти мазкур аз ҷониби ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аввалин зеристгоҳи барқии 110 кВ дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ҳисоб меравад.
Зеристгоҳи нави «Чубек» бо мақсади таҳкими инфрасохтори энергетикии ноҳия, баланд бардоштани эътимоднокии шабакаҳои барқ ва таъмини устувору босифати аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, иншооти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ бо неруи барқ бунёд гардидааст.
Барои пайваст намудани зеристгоҳ ба низоми ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ аз зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Кӯлобдарё» (ноҳияи Восеъ), хати нави интиқоли барқи 110 кВ ба масофаи 14,5 километр бунёд ва кашида шудааст.
Зимни боздид муовини вазир бо таҷҳизоти насбшуда, низоми идоракунӣ ва ҳифзи зеристгоҳ, инчунин омодагии иншоот барои фаъолияти устувор шинос гашт.
Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани зеристгоҳи мазкур барои тақвияти иқтидори шабакаҳои барқии ноҳия заминаи мусоид фароҳам оварда, имкон медиҳад сарбории зеристгоҳҳои амалкунанда коҳиш дода шавад. Ҳамзамон, эътимоднокӣ ва сифати таъминоти неруи барқ барои аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия ба таври назаррас беҳтар мегардад.
Бунёди иншооти мазкур дар баробари тақвияти инфрасохтори энергетикӣ барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни ноҳия ба неруи барқ мусоидат хоҳад кард.
✅ @mewrtj