TGViewer
Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 @mewrtj · 483 subscribers
Post #4258 129
БОЗДИДИ ВАЗИР АЗ ЗЕРИСТГОҲҲОИ НАВБУНЁДУ НАВСОЗИШУДАИ ШАҲРИ КӮЛОБ
‎
‎5-уми октябри соли 2026, Кӯлоб. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб аз зеристгоҳҳои барқии навбунёду навсозишудаи 110 кВ, ки имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, дидан намуд.

‎
‎Зеристгоҳҳои нав дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва маҳаллаи Қурбон Асадулло бунёд гардидаанд.
‎
‎Дар баробари бунёди иншооти нав, зеристгоҳи мавҷудаи барқии 110/35/6 кВ-и «Кӯлоб» низ мавриди навсозӣ қарор гирифта, таҷҳизоти он бо дастгоҳу технологияҳои муосир иваз карда шуданд.
‎
‎Зимни боздид вазир бо фаъолияти иншооти нав, таҷҳизоти насбгардида ва низоми идоракунии онҳо шинос шуда, ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, таъмини фаъолияти боэътимоди таҷҳизот ва хизматрасонии саривақтии техникии зеристгоҳҳо дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
‎
‎✅@mewrtj
  • ❤ 1
More from @mewrtj
  1. Oct 6, 2026​ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ ЗЕРИСТГОҲИ НАВИ 110 кВ БУНЁД ШУД 5-уми октябр ‎муо…
  2. Oct 6, 20265-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бо иштироки ко…
  3. Oct 5, 2026‎5-уми октябри соли 2026, Кӯлоб. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикис…
  4. Oct 5, 20265-уми октябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳ…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →