TGViewer
Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 @mewrtj · 483 subscribers
Post #4270 114
‎5-уми октябри соли 2026, Кӯлоб. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб бо кормандони филиалҳои ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб ва ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Бохтар вохӯрии корӣ баргузор намуд.
‎
‎Зимни ҷаласа раванди татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талаботи неру дар вилояти Хатлон» (шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар) мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
‎
‎Вазъи талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ, ҳолати баҳисобгирии неруи барқ, фаъолияти низоми биллингӣ, ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда ва тадбирҳои андешидашуда барои пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
‎
‎Вазир ба масъулон ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти коҳиши талафоти неруи барқ, беҳтар намудани баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маблағ, таъмини фаъолияти устувору боэътимоди шабакаҳои барқ дар давраи тирамоҳу зимистон ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
‎
‎✅@mewrtj
  • 👍 1
More from @mewrtj
  1. Oct 6, 20265-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бо иштироки ко…
  2. Oct 5, 2026БОЗДИДИ ВАЗИР АЗ ЗЕРИСТГОҲҲОИ НАВБУНЁДУ НАВСОЗИШУДАИ ШАҲРИ КӮЛОБ ‎ ‎5-уми октябри…
  3. Oct 5, 20265-уми октябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳ…
  4. Oct 5, 20265-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷи…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →