TGViewer
Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 @mewrtj · 481 subscribers
Post #4246 100
5-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабиниро муовини вазир Манучеҳр Сафарзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин сана шодбош гуфта, таъкид кард, ки Рӯзи забони давлатӣ ифодагари эҳтиром ба забони модарӣ, мероси маънавии ниёгон ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.

Иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун забони идоракунии давлатӣ, илму маориф, қонунгузорӣ ва муоширати расмӣ дар таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ ҷойгоҳи устувор пайдо намуд.


Дар идомаи чорабинӣ муовини сардори раёсати захираҳои об Гул Шарифзода, мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсус Гулдаста Халилова ва як қатор кормандони дигар вобаста ба ин сана андешаронӣ карданд.

Муфассал
Подробнее

✅@mewrtj
  • 👍 1
More from @mewrtj
  1. Oct 5, 2026‎5-уми октябри соли 2026, Кӯлоб. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикис…
  2. Oct 5, 2026БОЗДИДИ ВАЗИР АЗ ЗЕРИСТГОҲҲОИ НАВБУНЁДУ НАВСОЗИШУДАИ ШАҲРИ КӮЛОБ ‎ ‎5-уми октябри…
  3. Oct 5, 20265-уми октябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳ…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →