TGViewer
Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 @mewrtj · 481 subscribers
Post #4256 112
5-уми октябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ду зеристгоҳи нави барқӣ ва як зеристгоҳи таҷдидшударо ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Хатлон» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Иттиҳоди Аврупо бунёду навсозӣ гардиданд.

Дар МОИ «Кӯлоб» зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ бо насби ду трансформатори қудратии ҳар кадом 25 МВА бунёд шуд.

Ба истифода додани ин иншоот барои таъмини боэътимоди корхонаҳои минтақа бо неруи барқ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди фаъолияти истеҳсолӣ аҳамияти муҳим дорад.

Ҳамчунин, дар маҳаллаи Қурбон Асадуллои шаҳри Кӯлоб зеристгоҳи нави барқии 110/10 кВ-и «Ато Саид» бо трансформатори қудратии 16 МВА сохта шуд. Дар баробари ин, ЗБ мавҷудаи 110/35/6 кВ-и «Кӯлоб» навсозӣ гардид.

Муфассал
Подробнее

✅@mewrtj
  • 👏 2
More from @mewrtj
  1. Oct 5, 2026‎5-уми октябри соли 2026, Кӯлоб. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикис…
  2. Oct 5, 2026БОЗДИДИ ВАЗИР АЗ ЗЕРИСТГОҲҲОИ НАВБУНЁДУ НАВСОЗИШУДАИ ШАҲРИ КӮЛОБ ‎ ‎5-уми октябри…
  3. Oct 5, 20265-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷи…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →