5-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бо иштироки кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷаласаи корӣ оид ба «Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсия)» баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа муовини вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода вобаста ба аҳамияти таҳлили хавфҳои коррупсия барои муайян намудани омилҳои эҳтимолии пайдоиши онҳо, тақвияти шаффофияти фаъолият ва такмили тадбирҳои пешгирикунанда ибрози назар кард.
Сипас, намояндагони Агентӣ – Вайсзода Фирдавс ва Фаромарз Раҳмонзода муҳтавои методология, тартиби гузаронидани таҳлил ва роҳҳои муайяну арзёбӣ намудани хавфҳои коррупсияро шарҳ доданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои муайян намудани самтҳои фаъолияти дорои хавфҳои коррупсионӣ, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти дахлдор, инчунин таҳияи пешниҳодҳо барои коҳиш додан ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда баррасӣ гардиданд.
Муфассал
✅@mewrtj
Post #4273
117



