TGViewer
Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 @mewrtj · 485 subscribers
Post #4283 136
БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

8-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Яҳёзода дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Роштқалъа дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ ба таври маҷозӣ иштирок намуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст ҳисобот оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ пешниҳод гардида, рафти иҷрои нишондиҳандаҳо ва масъалаҳои марбут ба рушди соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар идома муовини вазир Парвиз Яҳёзода ҷиҳати таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва омодасозии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия ба мавсими тирамоҳу зимистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Роҳбарияти ноҳия ба Вазорати энергетика ва захираҳои об барои дастгирӣ ва мусоидат дар иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.


✅@mewrtj
  • 👍 3
More from @mewrtj
  1. Oct 8, 2026🇹🇯🇰🇿🇹🇲🇺🇿 7-уми октябр шаҳри Туркманбошии Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи бай…
  2. Oct 8, 2026ТАЪМИНИ ПОЙТАХТ БО БАРҚ ВА ГАРМӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ 8-уми октябри соли 2026, Душанбе. –…
  3. Oct 8, 20268-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон…
  4. Oct 8, 2026🇹🇯🇺🇸8-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии То…
  5. Oct 7, 2026⚡️🏗 Дар шаҳри Кӯлоб ду зеристгоҳи нави барқӣ ва як зеристгоҳи таҷдидшудаи 110 кВ мавриди…
  6. Oct 6, 2026​ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ ЗЕРИСТГОҲИ НАВИ 110 кВ БУНЁД ШУД 5-уми октябр ‎муо…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →