TGViewer
Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯 @mewrtj · 486 subscribers
Post #4301 98
Аз 7-ум то 9-уми октябри соли 2026 дар шаҳри Бишкек ҷаласаи гурӯҳҳои кории муштараки Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» бо иштироки намояндагони Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон, инчунин шарикони рушд баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири энергетика ва захираҳои об Манучеҳр Сафарзода иштирок намуд.

Муовини вазир зимни суханронӣ мавқеи Тоҷикистонро оид ба ҳалли масъалаҳои боқимонда ва омодасозии лоиҳа ба истифодабарии тиҷоратӣ баён кард.

Зимни ҷаласа раванди татбиқи лоиҳа, масъалаҳои техникӣ, амалиётӣ, тиҷоратӣ ва молиявӣ, инчунин тадбирҳои зарурӣ барои гузариш ба марҳилаи истифодабарии тиҷоратӣ баррасӣ шуданд.

Инчунин, аҳамияти сари вақт анҷом додани корҳои боқимондаи сохтмонӣ, ҳалли масъалаҳои тиҷоратӣ ва ҷалби захираҳои зарурии молиявӣ таъкид гардид.

Манучеҳр Сафарзода иброз дошт, ки лоиҳаи «CASA-1000» барои Тоҷикистон лоиҳаи минтақавии дорои аҳамияти стратегӣ мебошад.

Муфассал
Подробнее

✅@mewrtj
  • 👍 2
More from @mewrtj
  1. Oct 9, 20269-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Бо мақсади таъмини фаъолияти боэътимоди Маркази барқу…
  2. Oct 9, 2026ФОРУМИ IV МИНТАҚАВИИ ҶАВОНОНИ ҲАВЗАИ ДАРЁИ СИР – 2026 Ҳафтаи якуми моҳи октябри соли 2026…
  3. Oct 8, 2026🇹🇯🇰🇿🇹🇲🇺🇿 7-уми октябр шаҳри Туркманбошии Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи бай…
  4. Oct 8, 2026ТАЪМИНИ ПОЙТАХТ БО БАРҚ ВА ГАРМӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ 8-уми октябри соли 2026, Душанбе. –…
  5. Oct 8, 20268-уми октябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →