Мушкилоти Толибон бо чархболҳо; қобилияти ҳарбии ҳавоии онҳо зери суол меравад
Дар пайи инзивои байналмилалӣ, маҳдудияти дастрасӣ ба қисмҳои эҳтиётӣ ва камбуди кумаки техникӣ, Толибон барои фаъол нигоҳ доштани чархболҳои боқимонда аз давраи ҳукумати пешини Афғонистон ва таҷҳизоти боқимондаи ИМА бо мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд.
Бино ба гузоришҳо, чанд рӯз пеш иддао шудааст, ки як чархбол дар натиҷаи тирпарронии нерӯҳои муқовимат сарнагун шудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки чархболи дигар гӯё бар асари камбуди сӯзишворӣ ба садама дучор шудааст.
Ин гузоришҳо дар бораи қобилияти Толибон барои нигоҳдорӣ, таъмир ва истифодаи пайвастаи таҷҳизоти ҳавоӣ саволҳои ҷиддӣ ба миён меоранд. Бо вуҷуди ин, тасдиқи мустақилонаи ин иддаоҳо ва сабабҳои садамаҳо зарур аст.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21994
417