Мактуби вазир: Омӯзгоронро ба ҷамъоварии маблағ маҷбур накунед
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар, бо ирсоли як мактуб аз ҳуқуқи дахлнопазирии омӯзгорон дар ҷамъоварии маблағҳои ба раванди таълиму тарбия вобаста набуда таъкид кардааст.
Ин мактуби вазир, рӯзи 2 октябр ба унвонии сардорони Сараёсатҳои маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар фиристода шудааст.
Дар ин мактуби худ, Раҳим Саидзода асосан моддаи 11 и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ро ёдрас кардааст. Банди 2, моддаи 11 и қонун мазкур мегуяд, “омӯзгорро ба кору фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия вобаста намебошад, аз ҷумла хариду фурӯши либоси мактабӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъоварии маблағҳо барои андозҳо, обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо, фурӯши чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангӣ ва фаъолияти кишоварзӣ, ҷалб накунанд”.
Абдураҳим Қурбонов, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд гуфт, ин мактуби вазир, раванди амалишавии қонунро тақвият медиҳад. Вазири маориф ва илми кишвар, инчунин дар ин номаи худ ба роҳбарони идораҳои маорифи кишвар дастур додааст, ки “ҷиҳати пешгирии ҷамъоварии ҳамагуна маблағҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла барои обуна шудан ба рӯзномаю маҷаллаҳои ғайрисоҳавӣ қатъиян худдорӣ намоед”.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” 15 октябри соли 2025 қабул шуд. Ин қонуни ҷадид аз 6 боб ва 16 модда иборат буда, ҳуқуқ, масъулият, дахлнопазирии фаъолияти касбӣ ва ҳифзи шаъну шарафи омӯзгорро танзим мекунад.
Коршиносони умури маориф аз қабули ин қонун пуштибонӣ карда таъкид меварзанд, ки бо татбиқи он, мақому ифтихори пешаи омӯзгорӣ дар кишвар дубора баланд хоҳад шуд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21666
282