TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21684 56
Қариб 400 ҳазор сомонӣ ҷаримаи сокинону корхонаҳои давлатии Суғд барои сӯзонидани партовҳо
 
Дар вилояти Суғд қариб 600 нафарро барои сӯзонидани партовҳо, аз ҷумла хазон ҷазо додаанд. Манбаъ гуфт, дар 9 моҳи имсол барои риоя накардани талаботи ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми ҷамъовариву сӯзонидани партовҳо ва риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист (моддаҳои 231 ва 223 КҲМ) нисбати 842 кас протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, сокинон ва масъулини муассисаҳои давлатӣ 364 ҳазору 26 сомонӣ ҷарима шудаанд.
 
Қаюмов афзуд, ки аз 842 протокол, 590 адад барои дар ҳавои кушод сӯзонидани масолеҳи бинокорӣ, партовҳои маишӣ, хасу хасрубаҳо тартиб дода шуда, ҳаҷми ҷарима 230 ҳазору 100 сомонӣ мебошад. Аз ин миқдор то имрӯз беш аз 200 ҳазор сомонӣ рӯёнида шудааст.
 
Ба иттилои манбаъ, 253 протоколи дигар барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист тартиб дода шуда, ҳаҷми ҷарима 133 ҳазору 926 сомниро ташкил додааст.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 12, 2026Санҷиши мехсутунҳо дар биноҳои навбунёди ноҳияи Шоҳмансури Душанбе анҷом дода шуд Бунёди и…
  2. Oct 12, 2026Ҷамъоварии ҳосили пахта дар шаҳри Конибодом ҳамчунон идома дорад 📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ…
  3. Oct 12, 2026Тоҷикистон дар соли ҷорӣ бештар аз Беларус гӯшт ворид кардааст Дар нуҳ моҳ (январ – сентяб…
  4. Oct 12, 2026Ҳушдор ба ронандаҳое, ки дар масири Душанбе-Чаноқ ҳаракат мекунанд Дар гарданаи Анзоб, дар…
  5. Oct 12, 2026Марди бегуноҳе дар шабакаҳо мавриди нигаронӣ қарор гирифт Дар чанд рӯзи охир дар шабакаҳои…
  6. Oct 12, 2026Донишманди тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ чи гуна шуъоъи Заминро дар қарни XI муайян кард? «Ҳазор…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →