Марди бегуноҳе дар шабакаҳо мавриди нигаронӣ қарор гирифт
Дар чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн шуданд, ки гӯё марде дар назди яке аз муассисаҳои таълимӣ духтарони ноболиғро таъқиб мекардааст. Ба иттилои РВКД Душанбе, навори мазкур аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур мавриди санҷиш қарор гирифтааст.
Дар натиҷаи санҷиш муайян шудааст, ки шахси дар навор инъикосёфта Нормуродов Хисрав, сокини 37-солаи шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ барои гирифтани фарзандаш, ки дар ин муассисаи таълимӣ таҳсил мекунад, омадааст.
Ба иттилои милитсия, дар ҳаракатҳои номбурда аломатҳои ҷиноят мавҷуд набуда, бо ӯ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудаанд. Мақомоти милитсия аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки аз паҳн кардани маълумоти бардурӯғ худдорӣ намуда, ба хабарҳои носанҷида эътимод накунанд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21683
411