Овозхонии Қорӣ Шамшод – писари овозхони маъруф Тоҷиддини Муҳиддин дар шабакаҳо баҳсбарангез шуд
Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси дерина дар бораи ҷойгоҳи мусиқӣ дар исломро зинда кард.Корбарон мегуянд, таронаро Шамшод Муҳиддинов, маъруф бо номи "Қорӣ Шамшод" фарзанди овозхони саршиносу зиндаёд Тоҷиддини Муҳиддин иҷро кардааст.Дар Тоҷикистон бархе аз рӯҳониён наът мехонанд, вале иҷрои таронаро бо мусиқӣ дуруст намешуморанд.
Соли 2018 низ навори кӯтоҳи ин рӯҳонии тоҷик, ки порчае аз суруди "Модарам"-и овозхони маъруф Зафар Нозимро замзама карда буд, ҳамин тавр дар шабакаҳои иҷтимоӣ бинандаи зиёде пайдо кард ва баҳсбарангез гардид.
Худи "Қорӣ Шамшод" дар пайи ин баҳсҳо гуфта буд,"мусиқие, ки дилҳоро нарм мекунад, мамнуъ нест". Баъдан Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як фатво аз мавқеи Қорӣ Шамшод ҳимоят кард ва гуфт, "мусиқиву овозхонӣ дар ҷашнҳои хурсандӣ ба мисли арӯсӣ раво аст."
"Қорӣ Шамшод" соли 2019 соҳиби "Аълочии фарҳанги Тоҷикистон" гашт. У дар суҳбатҳои пешинааш таъкид намуд,"чун дар хонаводаи фарҳангӣ ба воя расидааст, меҳри ҳунар дар хунаш ҷой гирифтааст."
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21712
85