Ҳушдор ба ронандаҳое, ки дар масири Душанбе-Чаноқ ҳаракат мекунанд
Дар гарданаи Анзоб, дар роҳи Душанбе — Хуҷанд, пайваста ҳолатҳои хатарноки роҳ ба вуҷуд меоянд
Нишебиҳои баланд, гардишҳои тез ва релефи мураккаби роҳ аз ронандагон эҳтиёткории махсусро талаб мекунанд. Ҳангоми нодуруст интихоб кардани суръат мошин метавонад устувории худро гум кунад. Инчунин, бори вазнин ё нодуруст ҷойгиршуда метавонад хатари чаппа шудани воситаи нақлиётро зиёд намояд.
Ронандагон бояд шароити роҳро ба назар гирифта, пеш аз гардишҳо суръатро паст кунанд ва масофаи бехатарро нигоҳ доранд. Дар чунин қитъаҳои роҳ шитобкорӣ метавонад оқибатҳои вазнин дошта бошад. Худ ва дигар иштирокчиёни ҳаракатро эҳтиёт кунед.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21685
414