Гурӯҳи таҳлили тандурустӣ бо коршиносони ТУТ мулоқот намуд
Гурӯҳи таҳлили тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коршиносони қароргоҳи марказии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) Таня Кюхенмюллер ва Андреас Рейс мулоқоти корӣ доир намуд. Дар нишаст ҳамчунин намояндагони Механизми глобалии маблағгузорӣ (GFF) ва мутахассисони лоиҳаҳои ТУТ иштирок карданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими иқтидори коршиносӣ дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, тибби бар далелҳо асосёфта ва ахлоқи таҳқиқот баррасӣ гардиданд. Гурӯҳи таҳлилии вазорат оид ба табдил додани ин сохтор ба Маркази мустақили таҳлилӣ дар назди вазорат ва таъсиси панели рақамии ахбориву таҳлилӣ бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ пайшниҳодҳо пешниҳод кард. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҳамоҳангсозии наздик миёни институтҳои давлатӣ ва ТУТ ба беҳтар шудани сифати қарорҳои идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ мусоидат менамояд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21515
428
