ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТҲОИ МУҲОҶИРАТИИ ИДМ
24 сентябри соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи ҷашнии 30 – юмини Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳо – иштирокчиёни ИДМ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи мазкур намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ки ба салоҳияти онҳо танзими масъалаҳои муҳоҷират дохил мешавад, иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар кори ҷаласа губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳо – иштирокчиёни ИДМ, Маркази зиддитеррористии кишварҳои узви ИДМ, Кумитаи доимии давлатҳои иттиҳодӣ, Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба, Комиссияи иқтисодии АвруОсиё иштирок намуданд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф - муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Азимӣ Дилрабо – роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаи Шӯро таҳти раёсати муовини якуми Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия – сардори Хадамоти муҳоҷиратии ВКД Русия генерал-полковники полиция Андрей Кикот баргузор гардида, зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз намуд, ки «дар шароити имрӯза, ҳамоҳангӣ, ҳамкории конструктивӣ ва табодули таҷриба ба мисли ҳамеша муҳим буда, барои ташаккули низоми мутаносиб ва самараноки идоракунии равандҳои муҳоҷират дар фазои Иттиҳод зарур мебошад. Вобаста ба ин Шӯро бояд ҳамеша абзори фоиданоки таъмини субот ва амнияти минтақавӣ боқӣ монада, ба тағйироти вазъи муҳоҷиратӣ сари вақт вокуниш нишон диҳад».
Дар ҷараёни ҷаласа вазъи муҳоҷиратӣ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардида, тағйиротҳо дар самти қонунгузории миллӣ оид ба равандҳои муҳоҷират, таҷрибаи ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ барои таъмини амният ва назорати равандҳои муҳоҷират, аз ҷумла муайянкунии биометрии шахсият бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ дар низомҳои назорати видеоиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф зимни суханронии хеш иброз дошт, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи муҳоҷират яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба рушди мубодилаи иттилоот байни мақомоти салоҳиятдор, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа аҳамияти хоса медиҳем.
Дар робита ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории дуҷониба бо Федератсияи Россия, ки яке аз шарикони асосӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, аҳамияти хоса дода, дар ин самт санадҳои меъёриву ҳуқуқии зарурӣ ба тасвиб расонида шудааст, ки барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва танзими раванди муҳоҷирати шаҳрвандони ду кишвари стратегӣ заминагузорӣ менамоянд.
Дар кори ҷаласаи мазкур аз ҷониби иштирокдорони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарорҳои дахлдор оид ба самти баррасишаванда қабул гардид.
Post #1289
121





- 👍 3