TGViewer
Предминтруда РТ в РФ Предминтруда РТ в РФ @predmintrud_rt_rf · 835 subscribers
Post #1287 66
Барқияи табрикӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
22.09.2026
https://president.tj/event/news/57361

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Шуморо ба муносибати бомуваффақият баргузор гардидани интихобот ба Думаи давлатии Федератсияи Русия — рӯйдоди муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар сидқан табрик менамоям!

Иштироки фаъоли шаҳрвандон дар овоздиҳӣ ва натиҷаҳои он бозгӯи пуштибонии васеи ҷомеа аз сиёсати давлатии пешгирифтаи Шумо мебошад, ки ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Федератсияи Русия ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми он нигаронида шудааст.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар азми тағйирнопазири инҷонибро ҷиҳати минбаъд низ нигоҳ доштани сатҳи баланди рушди устувори муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия дар руҳияи дӯстӣ ва шарикии стратегӣ таъкид менамоям.

Ба Шумо саломатии бардавом ва комёбиҳои нав ба нафъи шаҳрвандони кишваратон, инчунин, ба мардуми дӯсти Русия сулҳу шукуфоӣ ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям».
  • 👍 1
More from @predmintrud_rt_rf
  1. Sep 22, 2026АЗ ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒ БА КОРТҲО Ё СУРАТҲИСОБҲОИ ШАХСОНИ НОМАЪЛУМ ХУДДОРӢ НАМОЕД Намояндагӣ ба…
  2. Sep 21, 2026Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон, муҳоҷирони меҳнатӣ! Намояндагӣ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд,…
  3. Sep 18, 2026ДАР АСТРАХАН БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ТАВСИЯ ВА МАШВАРАТҲОИ ҲУҚУҚӢ РАСОНИДА ШУД Имрӯз масъули…
  4. Sep 18, 2026photo post
  5. Sep 18, 2026МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ДИАСПОРАҲО ВА ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ Дар идомаи вохӯрию мулоқотҳо…
  6. Sep 17, 2026МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ МУСАЛМОНОНИ ВИЛОЯТИ ТВЕР Масъулини Намояндагӣ дар шаҳри Твери Федератси…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →