TGViewer
Предминтруда РТ в РФ Предминтруда РТ в РФ @predmintrud_rt_rf · 835 subscribers
Post #1285 408
Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон, муҳоҷирони меҳнатӣ!

Намояндагӣ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми будубош ва фаъолияти меҳнатӣ ҳушёрӣ ва эҳтиёткориро риоя намоед.


Имрӯзҳо баъзе гурӯҳҳо ва созмонҳои мамнуъ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва дигар воситаҳои иртиботӣ кӯшиш мекунанд шаҳрвандонро ба фаъолияти ғайриқонунӣ ҷалб намоянд.
Дар чунин ҳолатҳо онҳо метавонанд пешниҳодҳои гуногун, ваъдаҳои бардурӯғ ё дархостҳои интиқоли маблағ ва расонидани кӯмак пешниҳод намоянд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад:
бо шахсони ношинос ва гурӯҳҳои шубҳанок робита барқарор накунанд;
ба даъватҳо барои иштирок дар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ посух надиҳанд;
маблағро ба шахсон ё созмонҳои номаълум интиқол надиҳанд;
аз паҳн намудани мавод ё маълумоти дорои хусусияти экстремистӣ ё террористӣ қатъиян худдорӣ намоянд;
талаботи қонунгузории Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намоянд.

Ёдовар мешавем, ки мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар фаъолияти созмонҳои террористӣ ё экстремистӣ, мусоидат ба фаъолияти онҳо, маблағгузорӣ, интиқоли маблағ, ҷалби дигарон, инчунин дигар шаклҳои ҳамкорӣ бо чунин созмонҳо метавонад боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ гардад.
Бо мақсади огоҳии шаҳрвандон, дар зер рӯйхати созмонҳо, гурӯҳҳо ва ҳаракатҳое оварда мешавад, ки фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст:
«Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон».

«Ал-Қоида».

«Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ».

«Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»).

«Толибон».

«Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»).

«Лашкар-и Тайба».

«Гурӯҳи исломӣ» («Ҷамъияти исломии Покистон»).

«Ҷамъият-ут-Таблиғ».

«Созмони таблиғот» («Даъват ба ислом»).

«Тоҷикистони озод».

«Ҳизби Таҳрир».

«Ҳизб-ут-Таҳрир».

Ҷараёни «Салафия».
«Ансоруллоҳ».

Ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24».

«Давлати исломӣ».

«Ҷабҳат-ан-Нусра».

«Эътилофи миллии Тоҷикистон».

«Ҷанги муқаддас» («Ал-Ҷиҳод», «Ҷиҳоди исломии Миср»).
Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ («Ҷамъият ал-Ислоҳ ал-Иҷтимоӣ»).

Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ («Ҷамъият Иҳё ат-Туроз ал-Исломӣ»).
«Ал-Ҳарамайн».
«Ҷунд аш-Шом».
«Ҷиҳоди исломӣ — Ҷамоати муҷоҳидон».

Ҷомеаи экстремистии «Шоҳидони Яҳво».
«Pamir Daily News» («Pamir News»).

Созмони террористию экстремистии «Давлати исломии вилояти Хуросон».

Созмони экстремистии «Тоҷикистони нав 2».

Шаҳрвандони гиромӣ!
Риояи қонунҳо, ҳушёрӣ ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва худдорӣ аз ҳар гуна робита бо гурӯҳҳои шубҳанок барои ҳифзи амният, ҳуқуқ ва ояндаи шумо аҳаммияти калон дорад. Дар сурати дучор шудан ба чунин ҳолатҳо тавсия дода мешавад, ки ба мақомотҳои салоҳиятдори Федератсияи Россия:
Хадамоти амнияти федералӣ: Телефони боварӣ — +7 (495) 224-22-22 ё 8-800-224-22-22 (барои зангҳо аз дохили Русия ройгон) ва Вазорати корҳои дохилӣ (МВД): 102 (аз телефони мобилӣ ва хатти оҷили ВКД-и Россия: 8 800 222-74-47) муроҷиат намоед.
  • 👍 6
More from @predmintrud_rt_rf
  1. Sep 22, 2026АЗ ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒ БА КОРТҲО Ё СУРАТҲИСОБҲОИ ШАХСОНИ НОМАЪЛУМ ХУДДОРӢ НАМОЕД Намояндагӣ ба…
  2. Sep 18, 2026ДАР АСТРАХАН БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ТАВСИЯ ВА МАШВАРАТҲОИ ҲУҚУҚӢ РАСОНИДА ШУД Имрӯз масъули…
  3. Sep 18, 2026photo post
  4. Sep 18, 2026МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ДИАСПОРАҲО ВА ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ Дар идомаи вохӯрию мулоқотҳо…
  5. Sep 17, 2026МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ МУСАЛМОНОНИ ВИЛОЯТИ ТВЕР Масъулини Намояндагӣ дар шаҳри Твери Федератси…
  6. Sep 15, 2026ҶОЙИ КОРИ МУВОФИҚ БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШИРКАТИ «Управстройбизнес» Нам…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →