TGViewer
Channel Public Channel
Предминтруда РТ в РФ

Предминтруда РТ в РФ

@predmintrud_rt_rf

Subscribers
835
Photos
1.1K
Videos
52
Links
234
Recent Posts 7 shown
Post #1286 133
АЗ ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒ  БА КОРТҲО Ё СУРАТҲИСОБҲОИ ШАХСОНИ НОМАЪЛУМ ХУДДОРӢ НАМОЕД
 
Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ҳангоми анҷом додани интиқоли маблағ эҳтиёткор буда, ба суратҳисобҳои шахсони номаълум, фондҳои ношинос ва ё кортҳои шахсони бегона худдорӣ намоед.

Хотиррасон менамоем, ки гуруҳҳои манфиатҷӯ, фондҳои қалбакӣ ва шахсони ношинос бо мақсади ба даст овардани маблағҳои муфт, наворҳои сохта, аксҳои тавассути барномаҳои муосир сохташударо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн ва нашр намуда, аз мардум маблағҳои муфтро гирдоварӣ менамоянд.

Дар ин замина ёдовар бояд шуд, ки гурӯҳҳои алоҳидаи ифротгароӣ ва экстремистӣ бо баҳонаи расонидани кӯмаки хайриявӣ, ёрӣ ба шахсони ниёзманд, зарардидагон ва ё бо дигар мақсадҳои иҷтимоӣ аз шаҳрвандон интиқоли маблағро дархост намуда, дар ин асно фаъолияти ба зоҳир хайриявӣ метавонад аз ҷониби шахсон ё ташкилотҳое амалӣ гардад, ки барои ҷамъоварии маблағ асосҳои қонунӣ надоранд ва ё метавонанд мақсадҳои ғайриқонунӣ дошта бошанд, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Россия интиқолдиҳандаи маблағ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.

Намояндагӣ аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки ба шахсони ношинос, ташкилотҳо, фондҳо ва гурӯҳҳое, ки фаъолияти онҳо ба таври боэътимод тасдиқ нашудааст, маблағ интиқол надиҳанд ва пеш аз фиристондани маблағ ваъзи ҳуқуқии ташкилот ва шахси қабулкунандаро санҷанд.

Зарур аст, ки пеш аз анҷом додани ҳар гуна интиқоли маблағ маълумоти пурра дар бораи гирандаи маблағ, номи расмии ташкилот, қонунӣ будани фаъолияти он, реквизитҳои бонкӣ ва мақсади ҷамъоварии маблағ санҷида шавад. Ба реквизитҳое, ки тавассути каналҳои ношиноси Telegram, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ё аз ҷониби шахсони номаълум пешниҳод мешаванд, маблағ интиқол надиҳед.

Инчунин дар ҳолатҳое, ки аз шаҳрвандон талаб карда мешавад маблағро ба “корти шахсии бонкӣ, ҳамёни электронӣ ё суратҳисоби шахсони сеюм” интиқол диҳанд, инчунин ҳолатҳое, ки пинҳон намудани мақсади пардохт ё анҷом додани интиқол ба манфиати шахсон ё ташкилотҳои ношинос талаб карда мешавад, диққати махсус зоҳир намоед.
 
Дар хотир доред!
Тибқи қисми 1.1 моддаи 205.1 Кодекси ҷиноии Федератсияи Россия, маблағгузории терроризм кирдори ҷиноӣ буда, ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун барои чунин кирдор ҷазо, аз ҷумла маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 сол ва дар ҳолатҳои муайяншуда ҳатто ҷазои якумра пешбинӣ гардидааст.
 
Аз ин рӯ, ҳатто агар ҷамъоварии маблағ бо баҳонаи «ёрии хайриявӣ» ё «кӯмаки иҷтимоӣ» пешниҳод гардад, дар сурати мавҷуд будани шубҳа нисбат ба гирандаи маблағ ё мақсади воқеии ҷамъоварӣ, аз интиқоли маблағ худдорӣ намоед.
          Тавсия медиҳем, ки ба муроҷиатҳои эҳсосотӣ дода нашавед, ба ваъдаву исрори шахсони ношинос бовар накунед ва пеш аз санҷидани маълумот барои интиқоли маблағ шитоб накунед.
Дар сурати пайдо шудани шубҳа ё гумонбарӣ тавсия дода мешавад, ки мукотиба, мушаххасоти бонкӣ, истинод ва дигар маълумоти марбут ба ҷамъоварии маблағро нигоҳ дошта, барои гирифтани машварат ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоед.

Ҳушёр бошед! Амнияти худ ва маблағҳои худро ҳифз намоед!

Телефонҳо барои тамос:
1.     Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44
 ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм
Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00
2.     Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56;
3.     Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60;
4.     Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Твер, Смоленск ва Брянск +7 (923) 554 39 36;
5.     Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 100-95-59;
1. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш.Санкт-Петербург: +7(977)9632569;
2. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
3. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
4. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
5. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур,ш.Хабаровск:+7(985) 2970835;
6. Ҷумҳурии Саха -Якутия, шаҳри Якутск: +7 (999) 217 01 05;
  • 🙏 3
  • 👍 2
Post #1285 408
Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон, муҳоҷирони меҳнатӣ!

Намояндагӣ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми будубош ва фаъолияти меҳнатӣ ҳушёрӣ ва эҳтиёткориро риоя намоед.


Имрӯзҳо баъзе гурӯҳҳо ва созмонҳои мамнуъ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва дигар воситаҳои иртиботӣ кӯшиш мекунанд шаҳрвандонро ба фаъолияти ғайриқонунӣ ҷалб намоянд.
Дар чунин ҳолатҳо онҳо метавонанд пешниҳодҳои гуногун, ваъдаҳои бардурӯғ ё дархостҳои интиқоли маблағ ва расонидани кӯмак пешниҳод намоянд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад:
бо шахсони ношинос ва гурӯҳҳои шубҳанок робита барқарор накунанд;
ба даъватҳо барои иштирок дар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ посух надиҳанд;
маблағро ба шахсон ё созмонҳои номаълум интиқол надиҳанд;
аз паҳн намудани мавод ё маълумоти дорои хусусияти экстремистӣ ё террористӣ қатъиян худдорӣ намоянд;
талаботи қонунгузории Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намоянд.

Ёдовар мешавем, ки мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар фаъолияти созмонҳои террористӣ ё экстремистӣ, мусоидат ба фаъолияти онҳо, маблағгузорӣ, интиқоли маблағ, ҷалби дигарон, инчунин дигар шаклҳои ҳамкорӣ бо чунин созмонҳо метавонад боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ гардад.
Бо мақсади огоҳии шаҳрвандон, дар зер рӯйхати созмонҳо, гурӯҳҳо ва ҳаракатҳое оварда мешавад, ки фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст:
«Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон».

«Ал-Қоида».

«Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ».

«Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»).

«Толибон».

«Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»).

«Лашкар-и Тайба».

«Гурӯҳи исломӣ» («Ҷамъияти исломии Покистон»).

«Ҷамъият-ут-Таблиғ».

«Созмони таблиғот» («Даъват ба ислом»).

«Тоҷикистони озод».

«Ҳизби Таҳрир».

«Ҳизб-ут-Таҳрир».

Ҷараёни «Салафия».
«Ансоруллоҳ».

Ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24».

«Давлати исломӣ».

«Ҷабҳат-ан-Нусра».

«Эътилофи миллии Тоҷикистон».

«Ҷанги муқаддас» («Ал-Ҷиҳод», «Ҷиҳоди исломии Миср»).
Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ («Ҷамъият ал-Ислоҳ ал-Иҷтимоӣ»).

Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ («Ҷамъият Иҳё ат-Туроз ал-Исломӣ»).
«Ал-Ҳарамайн».
«Ҷунд аш-Шом».
«Ҷиҳоди исломӣ — Ҷамоати муҷоҳидон».

Ҷомеаи экстремистии «Шоҳидони Яҳво».
«Pamir Daily News» («Pamir News»).

Созмони террористию экстремистии «Давлати исломии вилояти Хуросон».

Созмони экстремистии «Тоҷикистони нав 2».

Шаҳрвандони гиромӣ!
Риояи қонунҳо, ҳушёрӣ ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва худдорӣ аз ҳар гуна робита бо гурӯҳҳои шубҳанок барои ҳифзи амният, ҳуқуқ ва ояндаи шумо аҳаммияти калон дорад. Дар сурати дучор шудан ба чунин ҳолатҳо тавсия дода мешавад, ки ба мақомотҳои салоҳиятдори Федератсияи Россия:
Хадамоти амнияти федералӣ: Телефони боварӣ — +7 (495) 224-22-22 ё 8-800-224-22-22 (барои зангҳо аз дохили Русия ройгон) ва Вазорати корҳои дохилӣ (МВД): 102 (аз телефони мобилӣ ва хатти оҷили ВКД-и Россия: 8 800 222-74-47) муроҷиат намоед.
  • 👍 6
Post #1284 383
ДАР АСТРАХАН БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ТАВСИЯ ВА МАШВАРАТҲОИ ҲУҚУҚӢ РАСОНИДА ШУД
 
Имрӯз масъулини Намояндагӣ бо муҳоҷирони  меҳнатӣ дар ширкати сохтмонии ҶДММ “ Центральный”, ки дар шаҳри Астрахани Федератсияи Россия кору фаъолият доранд, вохӯрӣ намуда, масъалаҳои муҳими муҳоҷиратиро фаҳмонида, тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ расониданд.  
         Нахуст масъулини Намояндагӣ бо роҳбарияти ширкати мазкур вохӯрӣ намуда, оид ба вазъи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсон шуда, масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмини кафолатҳои онҳо, пардохти саривақтии музди меҳнат ва шароити корӣ дар истеҳсолотро муҳокма намуданд.
           Зимни суҳбат бо муҳоҷирони меҳнатӣ талаботҳои нави қонунгузории Федератсияи Россия дар бораи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва фаъолияти меҳнатии онҳо фаҳмонида шуда, тавсия дода шуд, ки ҷиҳати такмили дониш ва малакаҳои касбӣ ба омӯзиш машғул шуда, имкониятҳои муосирри кориро истифода намоед. Таъкид карда шуд, ки дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ зарур аст, ки фарҳанг, расму оин ва арзишҳои халқҳои кишвари иқоматро эҳтиром гузошта, иҷрои талаботҳои қонунгузориро риоя намоянд.
      Дар вохурӣ вобаста ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, тамошо накардани  навору даъватҳое, ки хусусияти экстремитӣ террористӣ доранд, риояи  талаботҳои гигиенӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба онҳо маълумот дода шуд.
  • 👍 16
  • 😁 1
Post #1269 387
МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ДИАСПОРАҲО ВА ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ

Дар идомаи вохӯрию мулоқотҳо бо диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар Конференсияи миллӣ, ки дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza Dushanbe» баргузор гардид, санаи 17 сентябри соли 2026 дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазир бо намояндагони диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзии муқими минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Аморати Муттаҳидаи Араб ва Австрия баргузор гардид.

Зимни вохурӣ роҳҳои густариши ҳамкориҳо миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диаспораҳо (ҷамъятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз ҷониби намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон як қатор пешниҳодҳои судманд манзур гардиданд.

Дар хотима намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон барои саҳми арзанда дар таҳкими робитаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти кор бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз кишвар ба фаъолияти муваққатии меҳнатӣ машғуланд, бо Сипосномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
  • 👍 8
Post #1268 283
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ МУСАЛМОНОНИ ВИЛОЯТИ ТВЕР
Масъулини Намояндагӣ дар шаҳри Твери Федератсияи Россия бо Муфтии мусалмонони вилояти Твер Сайфудинов Тоир Бариевич оид ба таҳкими ҳамкориҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии муҳоҷирони меҳнатӣ аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ, гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ оид ба талаботҳои нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ  мулоқот намуд.
Зимни мулоқот муфтии мусалмонони вилояти Твер фаъолнокии тоҷикони муқимӣ ва муҳоҷирони меҳнатиро дар корҳоои ободониву созандагӣ ва корҳои ҷамъиятӣ иброз намуда, масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба талаботҳои нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароӣ ва паст намудудани ҳолатҳои ҷиноӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки тавассути гуруҳҳо ва шахсони алоҳида тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ амалӣ мегардад, тадбирҳои муштарак дар ин самт аз манфиат холӣ нест.
  • 👏 7
Post #1267 270
ҶОЙИ КОРИ МУВОФИҚ БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШИРКАТИ «Управстройбизнес»
 
Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки ҶДММ «Управстройбизнес» барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии биноҳои истиқоматӣ коргар меҷӯяд.
Барои шаҳрвандон ширкати мазкур дар минтақаҳои зерин ҷойи кори муносибро пешниҳод менамояд:
1. Вилояти Маскав, шаҳри Одинтсово, посёлкаи Кобяково;
2. Вилояти Маскав, шаҳри Луховитси, кӯчаи Жуковский хонаи  7;
Фаъолият дар ширкати болозикр тибқи  реҷаи  – 6/1 ( 8 соати корӣ) буда, музди меҳнат аз 80 000 то 130 000 рубл пешбинӣ гардидааст. Инчунин дар ҳолати иҷрои нақшаи муайянгардида дар муҳлати пешбинишуда, мукофотпулӣ  ба кормандон пардохт карда мешавад.
Номгуи вазифаҳои холӣ бо музди меҳнат ва мукофотпулӣ:
1. Боргирӣ, тозакунӣ, кандан, интиқоли масолеҳ, 15 нафар музди маош аз 48 000 - 90 000 рубл то 30 000 рубл мукофотпулӣ;
2. Насби бом (металлочерепица, мембрана) ва насби обкашӣ , 10 нафар музди маош аз 60 000 – 120 000 рубл то 60 000 мукофотпулӣ;
3. Шишагирӣ, рангубор, кор бо гипсокартон, ороиш, 10 нафар музди маош аз 60 000 - 120 000 рубл то 60 000 мукофотпулӣ;
4. Монтажи фасадҳо, гармкунӣ ва рӯйпӯш,  6 нафар музди маош аз  60 000 – 120 000      то 60 000 мукофотпулӣ;
5. Насби об, гармӣ ва канализатсия, 4 нафар музди маош аз 60 000 – 120 000 то 60 000 мукофотпулӣ;
Талаботи корфармо: Мардони то 55-сола, маълумот - миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, таҷрибаи корӣ на кам аз 1 сол, донистани забони русӣ (ҳатмӣ).
Аз ҷониби корфармо: пардохт 2 маротиба дар як моҳ, ба тариқи нақдӣ ё ин ки ба корти бонкӣ, хобгоҳи таъмиршуда дар наздикии ҷои кор, нақлиёт бо автобуси ширкат аз хобгоҳ то ҷойи кор ва баргардон, сарулибос ва қайдгири дар ҷойи зист аз ҳисоби корфармо ройгон пешниҳод карда мешавад.
 Корфармо барои гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳо кӯмак намуда, маблағи аз 4000 то 6000 рубл барои омода намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) кӯмак менамояд.
Масъул: Ахмедов Рустам Вилориевич,  тел: +79882455932, E-mail: info@ycb.com
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷуи кори мувофиқанд, метавонанд ба шахси масъули ширкат занг зада, барои ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ ва талаботҳои корфармо ҳамсуҳбат шаванд.
 
Инчунин дар ҳолати пеш омадани мушкилот ва гирифтани тавсияҳои ҳуқуқӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба Намояндагӣ ташриф оварда ё тавассути рақамҳои боварӣ дар тамос шаванд.
Телефонҳо барои тамос:
1.     Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44
ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм
Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00
2.     Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56;
3.     Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60;
4.     Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Твер, Смоленск ва Брянск +7 (923) 554 39 36;
5.     Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 100-95-59;
6. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш.Санкт-Петербург: +7(977)9632569;
7. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
8. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
9. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
10. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур,ш.Хабаровск:+7(985) 2970835;
11.Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.
  • 👍 9
  • 🙏 1
Older posts →

About this channel

How can I read @predmintrud_rt_rf without a Telegram account?
TGViewer shows the public web preview Telegram publishes for Предминтруда РТ в РФ: recent posts, photos, videos and the subscriber count, with no app, login or account.
How many subscribers does Предминтруда РТ в РФ have?
Предминтруда РТ в РФ (@predmintrud_rt_rf) has 835 subscribers on Telegram, refreshed roughly every 30 minutes.
Does Предминтруда РТ в РФ know I viewed it here?
No. Public channel previews carry no viewer identity, and TGViewer has no accounts or tracking of what you look up.
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →