Забоншиносон масоили мубрами забони тоҷикиро дар Душанбе баррасӣ мекунанд
Дар шаҳри Душанбе Анҷумани сеюми забоншиносони кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг рғоз шуд. Ин ҳамоиш бо номи “Забони мо – ҷаҳони мо” имрӯз, 16-уми октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шурӯъ гардид. Дар анҷуман забоншиносон ва муҳаққиқон аз саросари ҷаҳон, ки ба омӯзиш ва таҳқиқи забони тоҷикӣ машғуланд, ширкат доранд.
Дар Анҷуман мавзӯъҳои “Таърихи забон ва масъалаҳои марбут ба он”, “Забон дар замони ҷаҳонишавӣ, рақамикунонӣ ва ҳуши маснуӣ”, “Масоили мубрами забоншиносӣ дар замони истиқлол” ва “Истиқлол, рушди ҷомеа ва забон” баррасӣ мешаванд.
Дар Анҷуман таъкид шудааст, ки забони тоҷикӣ забони модарии миллионҳо сокинони бумии кишварҳое ба мисли Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ҳинд ва Покистон мебошад, “зеро тоҷикон аз замонҳои қадим дар ин минтақаҳо зиндагӣ мекунанд”.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22028
230
