TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #22052 5
Ширкати намояндаҳои Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамоиши сармояи венчурӣ дар Душанбе
 
Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ҳамроҳ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикон дар Ҳамоиши шарикии давлат ва бахши хусусӣ (ШДБҲ) ва Ҳамоиши сармояи венчурӣ иштирок кард. Дар ин ҳамоишҳо роҳҳои рушди стартапҳо ва корхонаҳои хурд, лоиҳаҳои ШДБХ ва инчунин таъсиси ҷойҳои корӣ баррасӣ шуданд.
 
Фаъолияти Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар минтақа сармоягузориҳои Корпоратсияи байналмилалии молия (IFC) ва дастгирии зерсохтори молиявии рақамӣ ва корхонаҳои микро, хурд ва миёнаро аз марҳилаи инкубатсия то давраи рушд дар бар мегирад. Сармоягузориҳои IFC дар Осиёи Марказӣ як фонди венчурӣ ва ду фонди минтақавии сармояи хусусиро фаро мегиранд.
 
Дар Ҳамоиши шарикии давлат ва бахши хусусӣ роҳбари Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Гаэл Рабаллан дар бораи гузаштан аз гуфтугӯ ба татбиқи лоиҳаҳои амалӣ сухан гуфт. Ӯ консессияи соли 2002-и «Помир Энерҷӣ»-ро ҳамчун яке аз намунаҳои аввалини ҳамкории дороиҳои давлатӣ, сармоягузории хусусӣ ва маблағгузории рушд зикр кард. Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ҳамкориро бо шарикони давлатӣ ва хусусӣ идома хоҳад дод, то ба рушди корхонаҳо ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон мусоидат кунад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 16, 2026Табрикоти мудири кулли киностудияи "Мосфилм", коргардони синамо Карен Георгиевич Шахназаро…
  2. Oct 16, 2026Тими футзали Тоҷикистон ду бозии дӯстона мекунад 🇹🇯 Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интих…
  3. Oct 16, 2026Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биолог…
  4. Oct 16, 2026Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо с…
  5. Oct 16, 2026Ҷумъабой Сангинов: "Биёед, бо андешаву таҷрибаи муштарак дар рушди саратоншиносӣ ва беҳтар…
  6. Oct 16, 2026Тавлидоти “Панатсея” бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →