TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #22051 5
Дар ҳошияи Синамоҷашни "Тоҷи Сомон" нишасти матбуотӣ баргузор шуд

Иттилоъ дода шуд, ки барои иштирок дар озмуни имсола беш аз 100 филми дар солҳои 2024–2026 таҳияшуда пешниҳод гардидааст. Аз миёни онҳо Комиссияи интихоби филмҳо 40 асарро барои иштирок дар озмун интихоб кардааст. Дар маросими ҷамъбастии ҷашнвора, ки 19 октябр баргузор мешавад, 18 ҷоиза дар номинатсияҳои гуногун ба филмҳо ва таҳиягарони онҳо тақдим мегардад.

Дар он роҳбарияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ҳайати ҳакамон ва намояндагони дигари ҳайати тадорукот иштирок намуда, доир ба барнома ва ҷараёни баргузории синамоҷоиза маълумот доданд.

Ҳамзамон, зикр шуд, ки дар Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» беш аз 60 намоянда аз ҳашт кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Фаронса иштирок мекунанд.

Дар ин замина, имрӯз кинофорум таҳти унвони «Ҳамкории муштараки киносозон ва продюсерон» баргузор мегардад, ки зимни он масъалаҳои густариши ҳамкориҳо, табодули таҷриба ва рушди робитаҳои касбӣ миёни синамогарон ва продюсерони кишварҳои иштирокчӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 16, 2026Тавлидоти “Панатсея” бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор…
  2. Oct 16, 2026Сафарбӣ Давлатова аз рустои Дашти ҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин танҳо зани ҷангалбон дар Тоҷ…
  3. Oct 16, 2026Нархи гази моеъ дар вилояти Суғд аз 7 сомонӣ гузашт Арзиши гази моеъ, яке аз серистифодата…
  4. Oct 16, 2026Омодагӣ ба давраи тирамоху зимистон ва иншооти навбунёд Дар нохияи Восеъ муассисахои тахси…
  5. Oct 16, 2026Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо с…
  6. Oct 16, 2026Тоҷикистон ба ҷашни "Меҳргон" — ҷашни ҳосил ва кишоварзон омодагӣ мегирад 📱 Обуна шавед —…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →