Владимир Зеленский ба сиёсат аз соҳаи шоу-бизнес ва ҳаҷву коргардонӣ омад
Пеш аз президент шудан, ӯ як ҳаҷвнигор, актёр ва роҳбари студияи «Квартал-95» буд. Зеленский баъд аз иҷрои нақш дар силсилафилми машҳури «Хизматгори халқ» (Слуга народа) ба курсии раиси ҷумҳур расид. Дар филм ӯ нақши як муаллими оддии таърихро бозид, ки ба таври ғайричашмдошт президенти Украина мешавад.
Ин филм маҳбубияти ӯро дар байни мардум зиёд кард ва баъдан ӯ ҳизби ҳамном — «Хизматгори халқ»-ро таъсис дода, дар интихоботи соли 2019 пирӯз шуд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21993
201