Мусобиқа рӯзҳои 7–10 октябри соли равон дар шаҳри Инҷони Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуда, дар он дастаҳои 190 кишвар иштирок карданд. Наврасони тоҷик дар ин сабқати байналмилалӣ натиҷаи назаррас нишон дода, мақоми панҷумро ба даст оварданд.
Муҳибахон Хоҷаева, муовини директори Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, аз дастоварди шогирдаш Бенёмин Марупов изҳори хушнудӣ кард. Дастаи Тоҷикистонро панҷ навраси ихтироъкор ташкил медоданд:
Бенёмин Марупов, хонандаи синфи 8-уми Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд;
Абдуллоҳ Усмонов ва Муҳаммад Баҳриддинов, хонандагони синфи 10-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Антон Чехов дар шаҳри Хуҷанд;
Фарангисхон Сайдуллоева, хонандаи синфи 11-уми Муассисаи давлатии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон;
ва Абдумалик Қаюмов, хонандаи синфи 11-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Иттилои бештарро дар гузориши видеоӣ бубинед:
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед