Садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе — Панҷи Поён
14 октябри соли 2026, тахминан соати 01:30, дар шоҳроҳи Душанбе — Панҷи Поён садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд. Тавре аз иттилои мақомоти милитсия бармеояд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Одинаев Асҳобудин Султонович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Навободи ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро ба тарафи рости роҳ сарозер кардааст.
Дар натиҷаи садама мусофири автомашина Алиев Даврон Мирзошарифович, соли таваллудаш 1992, сокини деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигари автомашина — Холов Ғаззолӣ Саидхуҷаевич, соли таваллудаш 1992, сокини деҳаи Панҷтути ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ, бо ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона бистарӣ мебошад.
Вобаста ба ҳодисаи мазкур таҳқиқ идома дорад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21942
5
