TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21931 4
🎬 Имрӯз Рӯзҳои кинои Эрон дар Тоҷикистон оғоз мешаванд

Имрӯз, 15 октябр, соати 17:00 дар кинотеатри «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе филми эронии «Дар оғӯши дарахт» ба намоиш гузошта мешавад. Ҳамчунин, дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ филмҳои «Сипеҳри Эрон» ва «Қиморбоз» низ пешкаши тамошобинон мегарданд.

Дар чорабинӣ роҳбарони баландпояи соҳаи синамои Тоҷикистон ва Эрон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони барҷастаи фарҳангии ин кишвар иштирок менамоянд.

Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» барои муаррифии дастовардҳои синамои миллӣ ва байналмилалӣ, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва таҳкими ҳамкориҳои эҷодӣ миёни синамогарони кишварҳои дӯст заминаи мусоид фароҳам меорад. Рӯзҳои кинои Эрон низ имкон медиҳанд, ки тамошобинони тоҷик бо синамои муосири ин кишвар, арзишҳои фарҳангӣ ва таҷрибаи эҷодии филмсозони эронӣ бештар шинос шаванд.

Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 16, 2026Забоншиносон масоили мубрами забони тоҷикиро дар Душанбе баррасӣ мекунанд Дар шаҳри Душанб…
  2. Oct 16, 2026🇮🇩Намои буҳрони сӯзишворӣ дар ҷазираи Балӣ аз дурбини бесарнишин, Индонезия 📱 Обуна шав…
  3. Oct 16, 2026"Регар-ТадАЗ" дар Кувайт тамринро оғоз кард Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Тоҷикистон баҳри иштиро…
  4. Oct 16, 2026Натоиҷи фаъолияти экспидитсияи муштараки бостоншиносии Тоҷикистону Исроил дар бошишгоҳи Со…
  5. Oct 16, 2026Муфтии мусалмонони Тоҷикистон: "Худкушӣ оғози мушкилоти инсон аст" Аксари ҳолатҳои худкуши…
  6. Oct 16, 2026Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Ереван ширкат ва суханронӣ карданд 16 октябр Президенти Ҷумҳури…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →